Бо иштироки Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Якатоли шаҳри Истаравшан кӯдакистони наву замонавии “Мафтуна” ба фаъолият оғоз намуд.
Кӯдакистони мазкур хусусӣ буда, аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Шарифов барои 150 кӯдак бунёд ёфтааст. Муассиса аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои ҳуҷраҳои машғулият, ҳуҷраҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун мебошад. Дар ин ҷо 18 парастор ба кӯдакон бо 2 забон - тоҷикӣ ва русӣ омӯзишро ба роҳ мемонанд.
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат дар ин шаҳр тариқи фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 мактаб ва 3 кӯдакистонро ба истифода доданд.