Имрӯз, 20-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Дар доираи сафари корӣ Президенти кишвар дар маркази шаҳри Роғун бинои нави прокуратураро ифтитоҳ намуданд.
Бинои нав бо шароити муосири корӣ таъмин буда, дар он 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзишӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд.
Ҳамчунин, барои кормандони прокуратура дар дохили иншоот ҳуҷраҳои зист муҳайё гардидаанд.
Сохтмони чунин иншооти маъмурӣ дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ сурат гирифта, ба беҳтар гардидани шароити фаъолияти кормандони мақомоти прокуратура дар шаҳри Роғун мусоидат хоҳад кард.