Имрӯз, 26-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Беморхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Бонки олмонии рушд бунёд гардидааст.
Иншооти нав дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи тиб сохта шуда, дар он барои табобату муолиҷаи кӯдакони гирифтори бемории сил шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи бемориҳои кӯдаконаи сил дар назди Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» аз соли 2023 оғоз гардида, бо ҷалби зиёда аз 100 мутахассиси маҳалӣ ва бо маблағи 2 миллиону 595 ҳазору 274 евро моҳи сентябри соли 2025 пурра ба анҷом расонида шудааст.
Масоҳати умумии иншоот 15 ҳазору 434 метри мураббаъ буда, масоҳати бино 1 ҳазору 554,8 метри мураббаъро ташкил медиҳад.