Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин ҳодиса, субҳи 14-уми август бо Умедҷон Носирзода, раиси ноҳияи Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳамдардии худро ба оилаи марҳум изҳор доштанд.
Инчунин, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон “барои расонидани кумакҳои моддию маънавӣ ва зери назорат гирифтани ҷараёни тарбияи кӯдаки хӯрдсоли ӯ дастуру супоришҳо доданд”.
“Иттилоъ дода шуд, ки Жасмина Ятимзода рӯзи 13-уми август бар асари аз силоҳи оташфишон тир кушодани силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст”,- хабар додааст дафтари матбуоти Президенти кишвар.
Ба гуфтаи манбаъ, дар робита ба ин воқеа сохторҳои дахлдор тафтишотро оғоз кардаанд.
Бояд қайд кард, ки Жасмина Ятимзода сокини 21-солаи деҳаи Даштаки Дарвоз ва соҳиби як кӯдаки хурдсол будааст. Ҷанозаи ӯ, ки қабл аз марг ҳомила ҳам будааст, қарор аст имрӯз дар зодгоҳаш баргузор шавад.