sebiston july new
Пешвои миллат ба деҳқонон чӣ тавсия доданд?
193

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориашон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон аз боғҳои себ ва хучи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг” боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкат дар ихтиёри худ 16 гектар боғ ва дигар заминҳои кишоварзӣ дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ имконияти зиёд кардани боғҳои ангур ва хуч мавҷуд аст.

Дар боғҳои ширкат 10 нафар коргар ба таври доимӣ ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил иловатан 30 нафар ба кор ҷалб мешаванд. Коргарон дар заминҳои боғҳои интенсивӣ ва бобоӣ ба парвариши дарахтони себ, гелос, чормағз, нок ва хуч машғуланд. Аз ҳосили себу хуч дар корхонаи “Оби Ховалинг” афшура низ тайёр карда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо вазъи боғҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои васеъ кардани майдони боғҳои интенсивӣ, бо ин роҳ афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли мева, таъмини бозорҳои дохилӣ ва рушди содироти маҳсулот дастуру ҳидоятҳо доданд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД