Arzon march 2024
Пешвои исмоилиҳои ҷаҳон Оқохони 4 даргузашт
369

Шоми дирӯз, 4-уми феврал шоҳзода Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар шаҳри Лисабон - пойтахти Португалия дар синни 88-солагӣ даргузашт.

Бино ба иттилои Девони имомати исмоилӣ, рӯҳонии оянда алакай таъин шудааст ва номи ӯ пас аз видоъ бо Оқохони 4 дар рӯзҳои наздик эълон мешавад.

Шоҳзода Карим Оқохон чанд маротиба ба Тоҷикистон сафар карда буд, ки сафари охиринаш моҳи апрели соли 2012 буд.

Бояд гуфт, ки Оқохони 4 соли 1936 дар Суиси Шветсария) ба дунё омада, баъд аз вафоти бобояш Муҳаммадшоҳ Оқохони 3, соли 1967 имоми исмоилиҳо таъин гардидааст. Ӯ 68 сол имоми исмоилиҳо буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД