Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак гузаранд.
Пешниҳоди муфтӣ
Ӯ дар наворе, ки 11 октябр нашр шуд, таҷрибаи як кишвари хориҷиро мисол меорад. Ба гуфтаи муфтӣ, дар он кишвар замоне то 80–85 дарсади оилаҳо аз ҳам мепошиданд, вале баъди роҳандозии давраҳои омӯзишии пеш аз издивоҷ ин нишондиҳанда то 25 дарсад поин омадааст. Номи кишвар дар суханронии ӯ зикр намешавад. Аммо худи масъала – “Оё ҷавононро метавон пеш аз никоҳ ба зиндагии оилавӣ омода кард?” баҳси ҷиддиро талаб мекунад.
Оиладорӣ ҳам дониш мехоҳад
Дар ҷомеаи мо барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ инсон моҳҳо қоида меомӯзад, барои кор кардан диплом ё малака талаб мешавад, аммо барои сохтани оила, тарбияи фарзанд ва ба дӯш гирифтани масъулияти як инсони дигар аксаран ҳеҷ омодагии махсусе вуҷуд надорад.
Бисёре аз ҷавонон бо тасаввуроти романтикӣ издивоҷ мекунанд. Онҳо дар бораи тақсими буҷаи оила, муносибат бо хешовандони ду тараф, масъулияти зану шавҳар, тарбияи фарзанд, ҳалли муноқиша, муносибат дар ҳолати бекорӣ, муҳоҷират ё мушкилоти иқтисодӣ маълумоти кофӣ надоранд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат пешниҳоди роҳандозии омӯзиши пеш аз никоҳ қобили таваҷҷуҳ аст.
Омори Тоҷикистон чӣ мегӯяд?
Масъалаи ҷудошавии оилаҳо барои Тоҷикистон ҳам ташвишовар аст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, дар се моҳи аввали соли 2026 дар кишвар 14 ҳазору 913 ақди никоҳ ва 1 ҳазору 893 ҳолати бекоршавии никоҳ сабт шудааст. Ҳарчанд шумораи талоқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 дарсад коҳиш ёфтааст, масъала ҳанӯз ҳам муҳим боқӣ мемонад.
Маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оила нишон медиҳад, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 526 оила аз ҳам ҷудо шудааст. Дар ҳамин давра 27 ҳазору 563 ақди никоҳ сабт гардидааст.
Ин рақамҳоро набояд ба маънои он гирифт, ки ҳар ҳашт ё ҳар даҳ оилаи нав ҳатман талоқ мегирад, зеро никоҳҳо ва талоқҳои як давра ба як гурӯҳи оилаҳо тааллуқ надоранд. Аммо онҳо нишон медиҳанд, ки ҳар сол ҳазорон оила ба марҳилаи ҷудоӣ мерасад.
Таҷриба
Дар асл, ғояи “омодагӣ пеш аз никоҳ” барои Тоҷикистон комилан нав нест. Кодекси оилаи кишвар муқаррар кардааст, ки шахсони никоҳшаванда бояд пеш аз бақайдгирии ақди никоҳ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд. Ҳамчунин муассисаҳои тиббӣ вазифадоранд оид ба тарзи ҳаёти солим, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл машварат диҳанд.
Яъне кишвар аллакай таҷрибаи ҳатмӣ кардани як марҳилаи омодагӣ ба никоҳро дорад. Савол ин аст, ки оё дар паҳлуи санҷиши саломатӣ бояд “маърифати оиладорӣ” низ пайдо шавад?
Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки чунин равиш вуҷуд дорад. Масалан, дар Малайзия барои мусулмононе, ки мехоҳанд издивоҷ кунанд, курси пеш аз никоҳ дар аксари иёлатҳо ҳатмӣ аст. Дар барномаи он масъалаҳои ҳуқуқу масъулияти зану шавҳар, муошират, идораи маблағ, саломатӣ, стресс, ихтилофҳои оилавӣ ва ҳатто масъалаҳои қатъи никоҳ омӯзонда мешаванд.
Оё курс воқеан талоқро кам мекунад?
Ба ин савол посухи қатъӣ додан душвор аст.
Як пажӯҳиши таҷрибавӣ дар байни ҷуфтҳои низомии ИМА нишон додааст, ки баъди омӯзиши махсуси муносибатҳои оилавӣ дар як соли аввал сатҳи талоқ дар гурӯҳи омӯзишдида 2,03 дарсад ва дар гурӯҳи назоратӣ 6,2 дарсад будааст.
Таҳқиқоти ҷамъбастии дигар, ки даҳҳо барномаи омӯзиши муносибатҳои оилавиро таҳлил кардааст, нишон медиҳад, ки чунин курсҳо метавонанд сифати муоширати зану шавҳар ва қаноатмандӣ аз муносибатро беҳтар кунанд. Барномаҳои 9 то 20-соата назар ба курсҳои хеле кӯтоҳ натиҷаи беҳтар доштаанд.
Аммо илм кафолат намедиҳад, ки танҳо гузаштани курс талоқро аз байн мебарад. Дар як таҳқиқоти ҳаштсола байни баъзе гурӯҳҳои иштироккунанда ва онҳое, ки омӯзиши муқаррарии пеш аз никоҳ гирифта буданд, дар сатҳи умумии талоқ фарқи ҷиддӣ пайдо нашудааст.
Пас курс доруи мӯъҷизавӣ нест. Муҳоҷират, бекорӣ, зӯроварӣ, хиёнат, вобастагии иқтисодӣ, дахолати хешовандон ё носозгории равонӣ танҳо бо чанд соати дарс ҳал намешаванд.
Вале пешниҳоди Саидмукаррам Абдуқодирзода як масъалаи муҳимеро ба миён мегузорад: мо ҷавононро ба тӯй омода мекунем ё ба зиндагии баъди тӯй?
Имрӯз садҳо ҳазор сомонӣ барои маърака, либос, тарабхона ва ороиш харҷ мешавад, аммо эҳтимол чанд соат барои омӯхтани он ки баъди хомӯш шудани мусиқии тӯй чӣ гуна бояд бо ҳам зиндагӣ кард, аҳамияти бештар дошта бошад.
Китоб хондан метавонад оғоз бошад. Курс метавонад воситаи иловагӣ гардад. Аммо пояи оилаи устуворро ҳамоно интихоби огоҳона, эҳтироми тарафайн, масъулият, истиқлоли фикрӣ ва қобилияти гуфтугӯ ташкил медиҳад. Шояд муҳимтарин бахши пешниҳоди муфтӣ ҳам ҳамин бошад.