formula
Пешниҳод: Муҳтарам Сарвазир, биёед намозро онлайн хонем!!!
4226


Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи март чанд нафар аз бемории пневмония даргузашт, ҳамзамон чандин нафар дар беморхонаҳо хоб буданд. Вазъ нигаронкунанда буд. Дар байни мардум ҳатто шубҳа буд, ки коронавирус ба Тоҷикистон омадааст.

Ба хотири эҳтиёт аз сироятёбии covid-19 якчанд муддат дари масҷидҳо баста шуд. Пас аз дезинфексия кардан масҷидҳо барои хондани намози ҷамоат кушода шуданду намозгузорон танҳо бо ниқоб намоз мехонданд. Охири моҳи апрел сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон расман эътироф гардиду дари масҷидҳо барои пешгирии сироятёби аз COVID-19 такроран баста шуданд. Моҳи шарифи Рамазон низ 24-апрел даромад, ки имруз дар баробари мубориза бо коронавирус аҳли мусулмонони олам руза гирифтаанду дар хонаҳояшон намоз мехонанд. Пас аз 13-рӯз намози ид мисли солҳои қаблӣ бояд дар ҳузури аҳли ҷамоат баргузор мегардид, вале ба хотири пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус, ки вазъ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст, имсол он дар хонаҳо ба таври фардӣ ва ё дар ҳузури аҳли байт хонда мешавад.
Дар робита ба ин Саёфи Мизроб, сардабири газетаи мардумии "СССР" ба Сарвазири кишвар, ки ҳамзамон роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус-COVID-19 аст, пешниход намудааст, ки намозҳои Ҷумъа ва намози ид тариқи телевизион хонда шавад.
Матни аслӣ ва мукаммали пешниҳоди журналист:
(Ба таваҷҷўҳи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19, Қоҳир Расулзода)
Мӯҳтарам Қоҳир Расулзода! Ҳоло мукшили вижае, ки мардуми рӯзадорро азият медиҳад, ин хондан ё нахондани намози Иди Саъиди Фитр ё худ намози Иди Рамазон аст. Таври маълум, дар ин шабу рӯз таҷаммуъи одамон дар 1 ҷо метавонад ба фарогиршавии коронавирус оварад. Зимнан, на танҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар Каъбаттулоҳ ва Мадинаи Мунаввара намози ҷамъиятӣ манъ аст, ки хуш корест. Дар мо низ намози ҷамоатро баъди ҳама кишварҳои дигари мусалмонӣ манъ фармуданд. Дер омад, вале шер омад. Фикр мекунам, агар саривақттар ин корро анҷом медодем, шояд суфуфи маризон ба карат кам мешуд. Вале ҳар чизе буд гузашт.
Имрӯз, мо бо пешниҳоди муосир ва замонавӣ ба Шумо ва ситоди зертобеатон муроҷиат карданием: Намози Иди Фитрро бояд виртуалӣ, тариқи он-лайн хонд! Муфтӣ бояд намозро дар масҷиди марказии ш. Душанбе гузорад ва тариқи ҳама шабакаҳои телевизионии кишвар он пахш гардад. Мардум метавонад дар хонаҳо, бо наздикон, хешу ақрабо… саф зада, намозро рӯ тарафи қибла, вале зери садои муфтӣ баргузор намоянд…
Шояд дар назари аввал ин намоз аҷиб намояд, вале дар асл намози замонавист. Бинед, ки намози Пасхаро католикҳо ва православҳо тариқи он-лайн баргузор карданд. Падари Рум, ё худ Папаи Рим дар Венетсия намоз гузошту ҷаҳони католикӣ аз пасаш намоз хонд. Метрополит Кирилл дар Маскав намоз хонду миллионҳо русиявӣ дар хонаҳошон, вале тавъам бо ӯ. Пас, чаро мо-мусалдмонони асри 21 дар Тоҷикистони дунявӣ ва пешрафта ин корро накунем? Бовар кунед, агар намози он-лайн баргузор гардад, олами мусалмонӣ аз ин ибтикори мо истиқбол хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД