Намози ҷумъаро маъмулан аз соати 12:50 то 13:10 мехонанд. Мехоҳам донам, ки пеш аз намози ҷумъа хондани намози пешин равст ё не?
Ислом, хонандаи сомонаи ОИЛА
Посух:
Дар ҷавоби ин савол намояндаи Раёсати Фатвои кишвар чунин посух дод:
-Бародари азиз, қабл аз барпо шудани намози ҷумъа ё дар вақти баргузор шудани он хондани намози пешин барои шахсоне, ки маъзур нестанд, яъне ғулом, беморон, нобино ё мусофирон нестанд, макрӯҳ аст. Аввал намози ҷумъаро хонда, баъдан пешинро бихонед.