arzon replenishment
Пайравони мактаби ровигии Хоҷамқулов муайян шуданд
599

Дар шаҳри Бохтар озмуни «Ровии беҳтарин» барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абдурашид Хоҷамқулов ҷамъбаст шуд. Дар ин бора наздикони ровии маъруф ба сомонаи "Оила" иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки он бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, ҳадаф дарёфти чеҳраҳои нодир ва рушди ин саъати воло дар байни наврасону ҷавонон мебошад.

Дар маросими ҷамъбастии озмун худи ровии шинохта Абдурашид Хоҷамқулов ва журналистони шинохтаву собиқадорони соҳа ширкат карда, оид ба ҳунару маҳорати ғолибон сухан гуфтанд ва ба онҳо ҷоиза супурданд.

Тибқи иттилои манбаъ, озмун дар моҳи декабри соли сипаришуда баргузор гашт ва тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон Гесу ном духтараки синфи 4-и мактаби ноҳияи Ёвон (дар акс) оҳиби ҷоизаи ба номи Абдурашид Хоҷамқулов, ду нафар соҳиби ҷойи якум, ду нафар соҳиби ҷойи ду ва ду нафари дигар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД