Sebiston new 2024 october
Патент барои муҳоҷирон дар Маскав боз қиммат мешавад
277

Арзиши патент барои муҳоҷирон дар Маскав соли 2025 тақрибан 20% зиёд гардида, 8900 рублро ташкил медиҳад. Дар ин бора шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин хабар додааст.

Ба гуфтаи Собянин, арзиши андозҳое, ки муҳоҷирон пардохт мекунанд, бояд бо маблағе, ки худи русҳо аз даромадашон мепардозанд, муқоиса шавад, то баробарӣ риоя гардад.

“Имрӯз пардохти моҳонаи патент 7500 рублро ташкил медиҳад, аммо аз 1-уми январ он 8900 рубл мешавад”,- гуфт шаҳрдори Маскав. Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир имкон медиҳад, ки хароҷоти корфармоён барои муҳоҷирон ва шаҳрвандони Русия баробар шавад.

Бояд гуфт, ки дар назар аст, аз соли нав арзиши патент тақрибан дар ҳамаи минтақаҳои Русия боло равад. Аз ҷумла, дар Санкт-Петербург арзиши патенти меҳнатӣ аз 4600 то 6 ҳазор рубл дар як моҳ зиёд мешавад. Ба ҳамин тартиб, арзиши патент то 20 фисад дар ҳама ҷо меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки пештар Владислав Даванков, муовини раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод карда буд, ки арзиши патентро то 250 ҳазор рубл дар як сол баланд бардоранд ва ин қариб 21 ҳазор рублро дар як моҳ ташкил медиҳад. Хадамоти федералии андоз изҳор дошт, ки аз ин ҳисоб мехоҳанд саҳмҳои нафақа ва суғуртаи иҷтимоиро ба арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дохил кунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Нижегородка эълон кардааст, ки додани патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз соли нав дар ин минтақа қатъ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД