Волидонам ҳангоми хурд будани ман аз ҳам ҷудо шуда буданд. Ман дар тарбияи модарам бузург шудаам ва донистан мехоҳам, ки ба манзили падарам ҳақ дорам?
Ман писари ягонаи ӯ ҳастам.
М. Р.
Посухи адвокат
Фарзандон ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модар ҳуқуқи аз онҳо талаб кардани моликият надоранд. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модар фарзандон аз онҳо молу мулкро ҳамчун ҳадя қабул карда метавонанд. Фарзандон ворисони қонунии падару модар ба ҳисоб мераванд ва баъди вафоти падару модар ҳуқуқи гирифтани ҳиссаи меросӣ аз молу мулки падару модарро доранд.
Агар дар шаҳодатномаи таваллуди фарзанд насаби ӯ бо насаби модар ҳамчун модари танҳо қайд шуда бошад, ба мерос дар ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқ пайдо карда наметавонад, аммо агар бо вуҷуди надоштани никоҳи расмӣ тариқи муқаррар намудани падарӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» моддаҳои 59, 60 падарии фарзанд муқаррар шуда бошад, барои мероси падар дар асоси қонунгузории маданӣ ҳамчун вориси навбати аввал ҳақбар шуда метавонад.