Пас аз пухтупази идона тафдонро чӣ тавр тоза кардан мумкин аст?
71

Тамоми бонувони тоҷик дар рӯзҳои ид ҳунари кадбонугии худро нишон дода, барои аҳли оила ва меҳмонони азизашон дар тафдон торту кулчақанд ва хӯрданиҳои гуногуни бомазза пухтанд. Аммо баъди ид андешаи чи тарв тоза кардани тафдон занҳоро азият медиҳад. Барои осон шудани кори шумо-хонумҳои азиз мо роҳи осонтарини тоза кардани тафдонро манзуратон месозем.

Ба шумо лозим аст:

2 зарфи обгирӣ барои тафдон

Об

Спирти навшотир (нашатырный спирт)

Тафдонро то 65-70 дараҷа тасфонед. Зарфро пури об карда ҷӯшонед. Ҳамин ки тафдон тасфид, сими онро аз барқ ҷудо ва хомӯш намоед. Ба зарфи аввала 1 стакон спирти навшотир рехта, дар қабати болоии дохили тафдон гузоред. Дар зарфи дигарӣ оби ҷӯшро гирифта, ба қабати поёнии дохили тафдон гузоред. Даҳони тафдонро маҳкам карда шабона нигоҳ доред.

Субҳи рӯзи дигар тафдонро кушода, 15 дақиқа монед шамол дарояд. 1-2 қошуқча маҳлули зарфшӯиро ба зарфи спирти навшотир дошта резед ва каме оби ҷӯш рехта, бо латта тафдонро тоза кунед, тафдонатон ба зудӣ тоза мешавад.

Дар рафти кор пушидани дастпӯшакҳои резиниро фаромӯш накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД