Парвозҳо аз Душанбе ба Машҳаду Киш зиёд мешавад
41

Ширкати ҳавопаймоии эронии «Раймонд Эйрлайнз» аз 19-уми ноябр парвозҳои навро дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад оғоз мекунад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, парвозҳо дар ин самт ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешаванд. Тафсилоти ҷадвали парвозҳо ва нархи билетҳо ҳанӯз эълон нашудааст.

Қарор дар бораи роҳандозии хатсайри нав рӯзи 11-уми ноябр дар мулоқоти Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ва Ҳусейн Пурфарзона, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Эрон гирифта шудааст.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи афзоиши парвозҳо ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар самтҳои Киш-Душанбе, Киш-Хуҷанд ва Шероз-Душанберо низ баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои Оҷонсӣ, аз 28-уми ноябр ширкати дигари эронӣ - «Киш Эйрлайнз» низ парвозҳои чартериро дар хатсайри Киш-Душанбе-Киш оғоз хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД