Arzon march 2024
“Париж”-ро дар Бохтар бастанд
390

 

Маркази дилхушии “Париж»-и шаҳри Бохтар баста шуд. Мақомот бар зидди роҳбар ва як корманди ин маркази дилхушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар додааст.

Сабаби қатъ намудани фаъолияӣти маркази мазкур ва оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ муноқишаи роҳбарияти “Париж” бо як мизоҷ будааст. Бино бар иттилоъи манбаъ, Баротов Сироҷиддин ном сокини шаҳри Бохтар дар ҳолати мастӣ вориди ин маркази дилхушӣ гашта, бо мизоҷон баҳсу мунозира кардааст. Роҳбар ва пешхидмати марказ ба баҳси мизоҷон ҳамроҳ шуда, Баротов Сироҷиддинро дашному ҳақорати қабеҳ додаанд ва латукӯб намудаанд. Дар натиҷа Баротов дар беморхона бистарӣ гаштааст.
“Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати дастгиршудагон, аз ҷумла роҳбар ва пешхизмати маркази дилхушии Париж Ҷалолов Амирҳамза ва Шерзода Ҷунайд тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, фаъолияти маркази дилхушии “ Париж” қатъ ва дари он муҳр зада шуд”, - омадааст дар ахбори Раёсати ВКД дар Хатлон.
Тибқи ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 72 ҳазор то 144 ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол пешбинӣ мекунад.
Ин сеюмин маркази дилхушӣ дар шаҳри Бохтар мебошад, ки тайи ҳафтаҳои охир фаъолияташ “барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ” манъ карда шуда, бар зидди роҳбарононашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД