Formula novemver 2024
Пардози тобистона
1338

Рӯзи дароз дар зери офтоби сӯзон қарор доштан пӯстро месӯзонад, сурх мекунад ва ба сад мушкилоти дигар гирифтор месозад. Сабаб дар он аст, ки гармии аз ҳад зиёд тораҳои коллагенро вайрон месозанд.

Нобуд шудани ин тораҳо боиси бармаҳал пир ва пажмурда гаштани пӯст мегарданд. Барои он ки дар офтоб сӯхта, пеш аз муҳлат пиру пажмурда нашавед, ҳатман ба қоидаҳои тобистонаи нигоҳубини пӯст риоя намоед.

SPF аз офтоб ҳифз мекунад!

Пардози рӯятонро бо шира (молочко) ё маҳлули дигар тоза мекарда бошед, дар фасли тобистон аз обу мағзоба (пенка) истифода баред.

Истифодаи малҳам дар тобистон ниҳоят муҳим аст. Аксарият андешаи ғалат доранд, ки дар тобистон пӯст арақи зиёд мебарораду малҳам сӯрохиҳояшро маҳкам мекунад. Дар асл чунин нест. Пӯсти беравған арақи бештар ҷудо мекунад ва беобшавӣ боиси хушкшавии пӯст мегардад. Хуб мебуд, ки малҳами тобистонаи шумо дар баробари нармкунанда буданаш аз офтоб низ муҳофизат намояд.

Интихоби мушкоб ва малҳам

Бонувоне, ки пӯсти равғанин доранд, метавонанд дар тобистон аз истифодаи малҳамҳои ғизобахш худдорӣ намуда, мушкобҳои то 25% спиртдоштаро истифода баранд. Ин маънои онро надорад, ки бонувони пӯсташон равғанин дар тобистон бояд аз истифодаи малҳам пурра худдорӣ намоянд.

Танҳо аз малҳамҳои сабуки зудҷабидашавандае, ки дар рӯй ҷиллояшон намемонад, истифода баред. Чунин ҳам мешавад, ки пӯсти рӯй бо сабаби нодуруст интихоб намудани малҳам арақи зиёд мекунад, аз ин хотир дар интихоби малҳам эҳтиёткор бошед. Барои ба хатогиҳо роҳ надодан ин маслиҳатҳои моро ба гӯшатон ҳалқа намоед:

1. Малҳамҳои нармкунанда (увлажняющий) дар ҳама фасли сол сабаби арақкунии рӯй мешаванд.

2. Ба ҳеҷ ваҷҳ малҳамҳои ғизобахши шабонаро рӯзона истифода набаред, зеро ин малҳамҳо дар рӯй ба пардачае мубаддал гашта, сӯрохиҳои пӯстро маҳкам месозанд ва сабаби арақкунии зиёди пӯст мешаванд.

3. Дар тобистон беҳтараш малҳамҳои дар асоси об омодашударо молед.

4. Малҳамро бо ҳаракатҳои кафкӯбанда, тунук молед, то ки сӯрохиҳои пӯст маҳкам нашаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД