Имрӯз дар сар то сари Тоҷикистон яке аз пуршукӯҳтарин идҳои миллӣ-Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Парчами Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 пазируфта шуда, бори аввал 24-ноябри соли 2009 “Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. 30 августи соли 2011 бошад, парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд, ки баландиаш 165 метр буда, ҳамчун баландтарин парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шудааст.
Парчам рамзи давлатдории миллати тоҷик буда, мояи ифтихори ҳар як фарди ватандор мебошад. Тавре ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти худ бахшида ба ин ид гуфтаанд:
“Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем»
Рӯзи Парчам ҳамасола дар кишвари мо бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Имсол низ ба ифтихори “Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон” донишҷӯён ва ҷавонони пойтахт дар шаҳри Душанбе ба роҳпаймоӣ баромаданд.