new banner new years
Панҷшер: Толибон оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъудро барқарор карданд!
8663


Оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, ки чанде пеш аз ҷониби ашхоси номаълум вайрон шуда буд, аз ҷониби “Толибон” барқарор карда шуд,- бо нашри як видео менависад агентии иттилоотии Bakhtvar news.

Толибон мегӯянд, оромгоҳи қаҳрамони миллии Афғонистон ва шахсияти бисёр арзишманд барои халқи афғон Аҳмадшоҳи Масъуд дар наздикии шаҳри Бозорак-пойтахти вилояти Панҷшер аз ҷониби сокинони маҳаллӣ хароб шуда буд.
Санаи 14-уми август дар сомонаи агентии Иттилоотии Bakhtvar news наворе нашр шуд, ки “Толибон” оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъудро аз нав барқарор карда, ба болои он гулчанбар гузоштаанд.

“Толибон” гунаҳкорони хароб шудани оромгоҳи Қаҳрамони Афғонистонро ба қавли худашон пайдо карда, ҷазои муносиб додаанд.
Аммо як намояндаи Ҷабҳаи Милли Муқовимат Ali Maisam Nazari дар Фейсбук менависад, ки барқароркунии оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дурӯғи маҳз аст, зеро таъмири охирини ин оромгоҳ 10 сол пеш буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД