Sebiston new 2024 october
Панҷшер: “Толибон” 400 одами бегуноҳро кушта зери хок карданд
1888


“Толибон” дар сарзамини Афғонистон ба чунон амалҳои ваҳшатноке даст мезананд, ки ҳатто аз шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад. Аз зулму ситами яроқбадастони ин гурӯҳи хунхор махсусан сокинони дараи Панҷшер сахт азият мекашанд.
“Толибон” ҳамарӯза дар Панҷшер садҳо одамони бегуноҳро бидуни ҳукми суд бераҳмона ба қатл мерасонанд. Зоҳиран худро мусалмони асил тарошидаву аз номи дини мубини ислом баромад карда истода, аъзоёни ин гурӯҳи хуношом ҳатто ҳавсала намекунанд, ки мурдагонро бо риояи таомули динӣ, аввал ҷаноза карда, баъдан ба хок супоранд. Онҳо баъди қатли оммавӣ ҷасади кушташудагонро мисли партов ба чуқуриҳо партофта мераванд. Ин нуктаро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар баён намудааст.
Аз рӯйи баъзе маълумотҳо нерӯҳои “Толибон” дар дараи Панҷшер ҳудуди 400 ғайри низомиро бидуни маҳкама ба шаҳодат расондаанд. Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз ваҳшонияти ин гурӯҳ сухан ронда, гуфтааст, аз қария, яъне деҳае, ки зодгоҳи ӯст, ҷавонони зиёдеро “Толибон” бидуни маҳкама тирборон карда, дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дафн намудаанд.
“Танҳо аз ҳамин қарияе, ки ман зиндагӣ мекунам, дар як гудол (чуқурӣ) ҷасади 13 ҷавонеро, ки ноновари хонаводаи худ буданд, пайдо карданд. Онҳо на силоҳ доштанд, на вориди ҷанг буданд, балки дар мазрааи худ машғули киштукори тирамоҳӣ буданд. Кушторҳои оммавӣ дар ҳолест, ки “Толибон” ҳар рӯз эълон мекунанд, ки авфи умумисту мо ба касе кор надорем”, - мегӯяд сафир.
Ҷасади Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхони Зарра низ аз мавзеи Даштаки Панҷшер пас аз ду рӯзи аз ҷониби “Толибон” ба таври ваҳшиёна кушта шуданашон аз як ҷарӣ пайдо шуда, дар ин чуқурӣ боз 4 ҷасади дигари одамони аслан бо ҷанг сару кор надошта низ буд.
Ба иттилои Спуник ҳамзамон ҳудуди 50 сокини рустоҳои Обдара, Поранда, Шоба ва Париён аз ҷониби “Толибон” кушта ва дар чуқуриҳо дастаҷамъона партофта шуда буданд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар бораи кушторҳои оммавӣ дар Паншер дар як маросим ба хотири маҳкум кардани ҷиноёти “Толибон” сухан ронда, аз қатли ому қабристонҳои дастаҷамъӣ ва ҳамлаҳои террористӣ ба намозгузорон ёдовар шудааст.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасии ҷиддии ҷиноятҳои ин гурӯҳро тақозо кардааст, зеро корҳое, ки “Толибон” дар сарзамини Афғнистон анҷом дода истодаанд, нақзи ошкорои ҳуқуқи башар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД