Arzon march 2024
Пандемия ва муносибати волидайну кӯдак аз нигоҳи Нозияи Кароматулло
1976


Ассалому алейкум дӯстон, мухлисон ва ҳамватанони азиз.Дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон хостам бо Шумоён тамос гирам.

Имрӯзҳо ба хотири пешгирии сирояти коронавирус, тибқи тавсияи мутахассисон бештари вақт мо дар хона мемонем.

Дар чунин рӯзҳо одатан кӯдакон мекӯшанд, ки бо волидони худ тамоси бештар дошта бошанд. Кӯдакон нисбат ба волидони худ боз ҳам серталаб мешаванд.

Мехостам дар ин робита якчанд маслиҳати коршиносонро ба шумо расонам:

👉 Бо кӯдакон дар бораи ҳиссиёташон пурсида суҳбат кунед

👉Муҳим аст, ки ба кӯдакон имкон диҳем то тавонанд дар бораи ташвишу нигарониҳои худ ба шумо гап зананд. Ба саволҳои кӯдакон ҷавоб диҳед. Ҳар гуна нофаҳмиҳоеро, ки онҳо доранд, барояшон равшан кунед. Ба кӯдакон фаҳмонед, ки вақте ҳолатҳои нав ва стресс ба миён меоянд, эҳсоси тарсу изтироб табиӣ ас

👉 Аз кӯдакон пурсед, ки онҳо аллакай дар бораи вирус чӣ медонанд.

👉Ба кӯдакон дар бораи коронавирус бо оҳанги ором ва тасаллибахш гап занед. Бе дурӯғ, далелҳоро ростқавлона ва бо тарзи ба синну солашон мувофиқ гап занед.

👉 Барои кӯдакони калонсолтар, маълумоти зиёдтар пешниҳод кунед. Масалан, “Ман шунидам, ки шумо бо дӯстони худ дар бораи он, ки чӣ гуна одам ба коронавирус сироят меёбад, суҳбат кардаед. Вирус тавассути сулфа, атса задан ва даст расондан бо ашёҳои сироятшуда паҳн мешавад. Аз ин рӯ, қоидаҳои гигиенаро риоя кардан, дастҳоро домо шустан воқеан муҳим аст. Риояи ин қоидаҳо барои муҳофизат кардани худу дигарон аз ҳама гуна вирусу бактерияҳо кӯмак мекунанд.”

👉Ба кӯдакони ҳама синну сол фаҳмонед, ки барои нест кардани вирус онҳо чӣ кор карда метавонанд. Масалан, мунтазам шӯстани дастон, дур истодан аз одамоне, ки сулфа ё атса мезананд. Агар ба кӯдакон фаҳмонем, ки онҳо ҳам дар нест кардани вирус метавонанд саҳм гузоранд, онҳо худро дар идораи вазъият тавоно ҳис мекунанд.

👉Иттилооти ба онҳо нолозимро дар наздашон нагӯед. Масалан, сатҳи маргумир, ё онҳоро аз ахбори телевизион дар ин мавзӯъ дур нигоҳ доред, зеро ин метавонад изтироби онҳоро афзун кунад.

👉 Ба онҳо итминон бахшед, ки коронавирус ба кӯдакон нисбат ба калонсолон камтар ва сабук осебовар аст.
Ва дар ниҳоят, мо калонсолон худамон фаромӯш накунем, ки:

👉 Кӯдакон ба бисёри дигар бемориҳои сироятӣ осебпазиранд. Беморие ба мисли сил, ки таърихи аз ҳама дарози мавҷудият дорад ва низ фарогири ҷаҳон аст, бинобар таваҷҷуҳи нокифояи мо калонсолон, кӯдакон аз он сироят меёбанд. Вақти якдилӣ барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ аст. Нагузорем, ки узви аз ҳама маҳбубу нозуки ҷомеа – кӯдаконамон осеб бинанд.

👉Бигзор кӯдакони мо ба орзуҳои рангинашон расида, дар ин дуенё бидуни ғаму ташвиш бинозанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД