Шаҳри Панҷакент аз ҷониби «Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ» расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид.
Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сӯзанидӯзӣ аст, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша давонидааст.
«Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ» (World Crafts Council) бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, барои рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ фаъолият мекунад. Созмони мазкур шаҳрҳоеро, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, тавассути унвони «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ» эътироф менамояд.