Бузургон беҳуда нагуфтаанд: “Ишқ оташ аст, агар набошад, хона сарду торик мемонад, вале ноҷо афтад, хонаву хонумон ҳамаро сар то сар месӯзад!” ҳодисае, ки дар шаҳри Панҷакент рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост...
Ишқи ноком ва рашки ҷигарсӯзи як ҷавонзани панҷакентӣ билохира ӯро ба курсии ҷинояткорӣ нишонд. Ба хотири қасоси бахти сӯхтаашро гирифтан ин зан даст ба амали ваҳшиёнае задааст, ки қалам дар тасвираш ҷиизӣ мекашад.
Зане, ки даст ба ҷинояти сангин задааст, Мухлисаи Акрам ном дшта, ҳамагӣ 32-сол дорад. Мухлиса сокини ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент буда, барои сӯиқасд ба куштор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст. Рашки тақдирсӯзон ин занро ба мӯҳлати хеле дароз-16 солу 8 моҳ равонаи зиндон кард.
Мухлиса ба ҷони кӣ суиқасд кард?
Мухлисаи Акрам бо ҷурми сӯиқасд ба куштани ҳамсари нави шавҳари собиқаш бо фарзанди хурдсолаш ва дидаю дониста дар хатар мондани ҷабрдидаҳо ба 16 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Тавре ки Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар гузориши навбатиаш дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” гуфт:
“Мухлисаи Акрам моҳи марти соли 2022 аз сари девор ба ҳавлии шавҳари собиқаш даромада, ҳамсари нави шавҳараш ва фарзанди ӯро аввал латтукӯб карда, сипас дар даруни оғилхона маҳкам кардааст ва оғилхонаро оташ задааст.”
Мухлиса мехост бо ҳамин усули ваҳшиёна зану фарзанди шавҳарашро ба ҳалокат расонида, қасоси бахти сӯхтаашро бигирад, вале тақдири палонҷаш баландӣ карда, бо роҳи мӯъҷизавӣ аз марг наҷот ёфтааст. “Ҷабрдидаҳо бо сабабҳои аз иродаи айбдоршаванда вобаста набуда аз марги ногузир наҷот ёфтаанд”-мегӯяд ВКД.
Шавҳараш аз Мухлисаи Акрам баъди 10 соли зиндагии муштарак моҳи августи соли 2020 ҷудо шуда, дубора издивоҷ намудааст. Мард аз ҳамсари наваш соҳиби фарзанд гашта бошад ҳам, Мухлисаи Акрам ба ҳаёти шавҳари собиқаш ва оилаи нави пайваста дахолат мекардааст ва билохира кор ба ҷое мерасад, ки ин зани бадрашк қасди куштани палонҷашро намуда, зани нави шавҳарашро бо кӯдаки хурдсолаш дар оғилхона маҳкам карда, оташ задааст.