Даст ба ҷиноят задани шахсоне, ки азх рӯйи вазифаашон бояд ба халқу Ватан беғаразона хизмат намоянд, ба як падидаи нохуш дар ҷомеаи кунунӣ табдил ёфтаааст.
Амалдорони зиёде барои тамаъҷӯӣ ба пушти панҷараи зиндон афтода бошанд ҳам, мутаасифона тақдири ишон ба дигарон дарси ибрат нагашта, боз афроде пайдо мешаванд, ки ба хотири пули муфт ҳаёташонро бо дасти худ месӯзанд.
Инак, боз як корманди идораи замин барои хариду фурӯши замин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш дар суд чанд соли умри ҷавонашро дар паси панҷараи маҳбас мегузаронад.
Фирдавс Аминзода, котиби комиссияи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Панҷакент буда, аз ҷониби мақомоти прокуратура дастгир шудааст ва айни замон дар ҳабси пешаки қарор дорад.Аминзода дар фуруши ғайри қонунии замин ва омода намудани ҳуҷҷат ба шахсоне, ки дар асл ба замин эҳтиёҷ надоранд, муттаҳам дониста мешавад.
Тавре ки Бомдод дар такя ба як манбааш дар ҳукумати шаҳри Панқакент хабар додааст, Фирдавс Аминзода як ҳафта қабл бздошт шуда, кормандони мақомоти тафтишотӣ бо чанд кормандони масъул низ сӯҳбат карда , аз онҳо баёнот гирифтаанд.