Sebiston new 2024 october
ПАНҶАКЕНТ: ЧАРО АКА ХОҲАРРО 5 КОРД ЗАД?
6369


Зӯроварӣ алайҳи занону духтарон ба як падидаи бисёр нангин ва дардовари ҷомеаи мо мубаддал гашта истодааст.

Ҳафтае нест, ки хабари бо дасти шавҳар, падар, бародар ё шахси дигари наздикаш кушта шудан ва ё аз ҷабру зулми хонаводагӣ безор шуда, даст ба худкушӣ задани ин ё он зани тоҷик расонаӣ нагардад. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз содир шудани боз як ҷинояти хунини оилавӣ хабар дод.

Кормандони милитсия як сокини 23-солаи шаҳри Панҷакентро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд. Ҷавон дар қатли хоҳараш гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи хунин рӯзи 15-июн, соатҳои 14-00 дар шаҳри Панҷакент сар зада, байни ҷавони боздоштшуда ва хоҳари 19-солааш ҷангу ҷанҷол бархостааст. Дар ҷараёни муноқиша ҷавон худро идора карда натавониста, аз сари қаҳру ғазаб ба узвҳои ҳаётан муҳими хоҳараш 5 корд мезанад.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст, вале сабаби хоҳарашро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидани ҷавон ҳанӯз маълум нест.

Тафтишоти ин қазияи хунин аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД