Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз заҳролуд шудани панҷ узви як оила дар деҳаи Р. Файзови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ хабар додааст.
Бино ба иттилои КҲФ, ин панҷ нафар, ки аз 6 то 32 сол доштаанд ва айни замон ар Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ шуда, зери назорати табибон қарор доранд. Вазъи беморон муътадил арзёбӣ гардидааст. Мақомот сабаби ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.