Ҳар як инсон зебоиро ба таври худ мебинад. Барои як кас лабханду чашмони дурахшон зебост, барои дигаре қомати мавзун ё ранги мӯй. Баъзе духтарон танҳо дар рӯзҳои ид ороиш мекунанд, дигарон бошанд, бе рангубор ҳатто аз хона намебароянд. Агар зебову солим мондан хоҳед, ин корро ҳатто бе машаққати зиёд кардан мумкин аст. Панҷ маслиҳат - қадамҳои оддӣ, вале муассир ба сӯи зебоӣ пешниҳоди шумост.
Пӯсти рӯй - оинаи саломатӣ
Дар давоми рӯз пӯсти мо аз чангу хок, офтоб, шамол ва дастонамон зарар мебинаду ифлос мешавад. Барои тоза нигоҳ доштан:
- Субҳу шом рӯятонро бо маҳлули безарари нармкунанда бишӯед;
- Пӯсти рӯйро бо мушкоб (тоник) тароват диҳед;
- Малҳами намноккунанда ё ғизодиҳанда молед.
Гоҳ-гоҳ скраб ё пилинг кунед, то пӯстатон мулоим ва ботароват бимонад. Ва ҳатман малҳами аз офтоб ҳифзкунандаро (SPF) истифода баред, ҳатто дар фасли зимистон.
Андоза нигаҳ дор...
Баъзе бонувон бо гумони он ки аз истифодаи маводи ороишӣ зеботар мешаванд, ба рӯяшон малҳаму воситаҳои зиёди косметикиро мемоланд. Миқдори зиёди косметика метавонад пӯстро хаста, сурохиҳои онро маҳкам намуда, боиси пайдоиши доғ ё хушк шудани он гардад. Барои ҳар рӯз ороиши сабукро интихоб кунед, то зебоиро дучанд созед, на пинҳон.
Ғизои солим
Оби зиёд нӯшед, ҳадди ақал 1,5 литр дар як рӯз. Хӯроки равғанин, бирён, ширин ва шӯр камтар истеъмол кунед. Ба мева, сабзавот, ғалладона ва хӯроки тару тоза бартарӣ диҳед. Ғизои солим на танҳо қомат, балки рӯҳу рӯйро низ зебо мекунад.
Дар ҳаракат бошед
Фарқ надорад, мехоҳед вазн кам кунед ё не, ҳаракат калиди саломатист. Мушакҳоро дар ҳолати фаъол нигоҳ доред:
- Ба машқҳои сабук субҳ шуруъ кунед;
- Аз мошин кам истифода бурда, бештар пиёда равон шавед;
- Варзиш, рақс ё йога - ҳар чизе, ки ба шумо писанд аст.
Хоби ширин - беҳтарин малҳами ҷавонӣ
Бадан ва пӯсти рӯй шабона қувват мегиранд. 7-8 соати хоб на танҳо саломатиро беҳтар мекунад, балки пӯстро ҳам тару тоза ва дурахшон нигоҳ медорад. Беҳтараш то 23:00 хоб равед.