35 years of independency
Паҳлавонони тоҷик Чемпионати ҷаҳон оид ба курашро бо 6 медал ҷамъбаст кард
40

Паҳлавонони тоҷик Чемпионати ҷаҳон оид ба курашро бо 6 медал ҷамъбаст кард

Варзишгарони тоҷик дар 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш, ки аз 4 то 9-уми ноябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби 6 медал гардиданд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 7 паҳлавон намояндагӣ карда, дар маҷмӯъ 2 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Медали тиллои аввалро Сарвар Абдушукуров дар вазни то 66 кг ба хазинаи тими миллӣ ворид кард. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ намояндаи Ӯзбекистон Баҳромбек Атоевро мағлуб намуд. Ин аввалин медали тиллои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш пас аз 13 сол ба ҳисоб меравад.

Ҳақназар Назаров низ дар вазни то 90 кг ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд. Ӯ дар финал бар Йиҳам Кемалов аз Туркманистон пирӯз гардид.

Ҳақдод Гулов дар вазни то 60 кг ба финал роҳ ёфта, дар мубориза барои медали тилло аз Миразат Айбатири мизбон шикаст хӯрд ва соҳиби медали нуқра гардид.

Се медали биринҷии Тоҷикистонро Умар Шеров (то 73 кг), Наврӯз Каримзод (то 81 кг) ва Саидҷамол Алимардонов (то 100 кг) ба даст оварданд. Ҳар се варзишгар дар марҳилаи нимниҳоӣ аз ҳарифони худ мағлуб шуданд.

Аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон танҳо Фирдавс Насимов дар вазни то 120 кг натавонист ба гирифтани медал ноил шавад.

Ҳамин тариқ, паҳлавонони тоҷик Чемпионати 15-уми ҷаҳон оид ба курашро бо натиҷаи назаррас - ду медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ҷамъбаст карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД