toyota motors
Паҳлавонҳо дар ноҳияи Рашт қадрдонӣ шуданд
14.04.2026
Oila.tj
64

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди варзиш, аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо ду нафар варзишгари ҷавон қадрдонӣ гардиданд.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Рашт, паҳлавон Темур Раҳимов бо маблағи 10 000 сомонӣ ва Лоиқ Қудбидинов бо маблағи 5 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

- Ин иқдоми нек нишонаи дастгирии ҷавонони боистеъдод ва рушди варзиш дар ноҳия буда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ҳавасмандии бештар мебахшад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД