arzon replenishment
Паҳлавони тоҷик бо Ҷонатан Пирсмаи амрикоӣ қувваозмоӣ мекунад
459

Паҳлавони тоҷик Самандар Муродов дар мусобиқаи Road to UFC бо варзишгари амрикоӣ Ҷонатан Пирсма қувваозмоӣ хоҳад кард. Набарди онҳо шаби 24-уми август дар шаҳри Лас-Вегас мегузарад.

«Мо бо тими худ ва муррабиён омодагиҳои охиринро қабл аз сафари муҳим ба Амрико ба анҷом расонидем. Мехоҳам миннатдории худро ба клубамон «Аҳмат»-и Тоҷикистон, бародарони калониам, шарикони спаррингӣ ва тамоми нафароне, ки дар паҳлуям буданду ба қадри тавонашон кумак карданд, бирасонам. Дар пеш рақобатҳои нав ва комёбиҳои нав истодаанд. Ман аминам, ки бо чунин тим ба бисёр муваффақиятҳо ноил гаштан мумкин аст”,- гуфтааст варзишгар.

Самандар Муродов яке аз варзишгарони номдори тоҷик мебошад, ки номашро ҳамчун чеҳраи ояндаи UFC ба забон мегиранд, вале то ин дам Амрикоро тасхир намудан ба ӯ муяссар нагаштааст. Муродов қаблан дар як муҳорабаи Road To UFC ғолибият ба даст оварда бошад ҳам, натавонист ба лига роҳ ёбад. Бояд гуфт, ки вақтҳои охир аз 30 нафар варзишгарони ғолиб UFC танҳо бо 10 нафарашон шартнома бастааст. Аз ин нигоҳ ғолибият ба даст овардани Самандар Муродов низ кафолат дода наметавонад, ки ин варзишгари тоҷик ба UFC роҳ меёбад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Абу Дабӣ мусобиқаи Road to UFC баргузор гашта, Самандар Муродов дар ин набард Жан Сикейроро мағлуб намуда буд. Дар мусобиқаи AMC Fight Nights ба хотираи Абдулманап Нурмагомедов низ паҳлавони тоҷик Максим Шветсро мағлуб карда, унвони чемпиониро соҳиб шуда буд, дар ҳоле, ки бо дасти захмӣ ба майдони набард баромад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД