Commerc banl
Паҳлавони тоҷик Абдуллои Ориф дар Тошканд соҳиби медали тило шуд
02.03.2026
Oila.tj
99

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 идома дорад. Дар рӯзи дуюми мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои то 73, 81 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 63, 70 кг миёни бонувон сурат гирифтанд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми мусобиқа Абдуллои Ориф, Масъуди Аҳмадзод, Абубакр Боқиев ва Сомон Маҳмадбеков муаррифӣ карданд.

Паҳлавони тоҷик Абдуллои Ориф дар аввалин иштирок дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо соҳиби медали тило гардид.

Абдулло имсол дар Чемпионати Тоҷикистон бо ҳунару маҳорати воло ҳамаро ба ҳайрат оварда, қаҳрамони вазни то 73 кг шуд ва роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалиро ба даст овард.

Дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 паҳлавони мо бо маҳорати волои худ ҳамаро паси сар гузошта, нишони заррини мусобиқаро ба гардан овехт.

Абдулло дар вазни то 73 кг рақобатҳоро дар даври дуюм оғоз кардa, бар Ҷошуа Грини ирландӣ ғолиб омад ва дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Ҳоҷиакбар Тошеви ӯзбекро шикаст дод.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Абдулло бар Арун Кумари ҳиндӣ ғолиб омада, роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд ва дар ин марҳила бар Ҷованни Эспоситои итолиёӣ зафар ёфт.

Дар финали мусобиқа Абдулло бо ҷудокори мизбон ва ботаҷриба Шаҳром Аҳадови ӯзбек нерӯсанҷӣ карда, дар вақти тилоӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Абубакр Боқиев (-81 кг) дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз Ли Синчани кореягӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар даври аввали мусобиқа озод буда, дар даври дуюм Гаджидовуд Гасанови баҳрайниро мағлуб намуд ва ба даври ҳаштякниҳоӣ баромад. Маҳмадбеков дар даври ҳаштякниҳоӣ мағлуби Умар Раҷаблии озарӣ шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Масъуди Аҳмадзод (-73 кг) дар даври аввали мусобиқа Лусиан Борси руминиягиро мағлуб карда, дар даври дуюм бар намояндаи АМА - Казбек Нагучев зафар ёфт ва ба даври сеюм баромад. Масъуд дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ аз Элбек Тоҷиеви ӯзбек шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқаи мазкур ҷудокори тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД