sebiston july new
Паҳлавони Хатлонӣ электромобил бурд кард
266


Паҳлавони хатлонӣ Шарифҷон Назриев дар мусобиқаи гӯштин, ки ба ифтихори иди Наврӯз дар Бадахшон баргузор гашт, мошини нави электромобил бурд намудааст.

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи варзишии гӯштин барпо гашт, ки дар он паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Шоҳҷоизаи мусобиқа-мошини нави электромобил насиби паҳлавони хатлонӣ Шарифҷон Назриев гардид.

Дар маъракаи наврӯзӣ дар баробари гӯштини миллӣ ҳамчунин дигар бозиҳои миллии аҷдодӣ баргузор шуданд. Дар ин бора «Ховар» дар такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар додааст.
Тантанаҳои наврӯзӣ ҳанӯз дар саросари мамлакат идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД