Arzon march 2024
Пагоҳ хатари омадани сел вуҷуд дорад
557

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 24-26-уми июни соли 2024 хатари омадани сел, резиши санг дар роҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад.

Рӯзҳои 27-28-уми июн дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, ҳавои тираи олуда ба чангу хок дар назар дошта шудааст. Дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон меборад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст. Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, ҳамчунин аз ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.

Кумита аҳолӣ, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиётро ҳушдор додааст, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.

Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД