Бино ба иттилои Шабакаи тақсимоти барқ, рӯзи 12-уми август аз соати 08:00 то 17:00 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур - маҳаллаҳои Қаротегин-1, Қаротегин-2, Қаротегин-3, Бӯстон, Охток, Теппаҳои Шарқӣ, Ховарон ва қисман кӯчаҳои Назаршоев ва Зебуниссо барқ қатъ мешавад.
Масъулин сабаби қатъ гардидани барқро корҳои таъмирию профилактикӣ дар зеристгоҳҳо гуфтаанд.
- Интиқоли нерӯи барқ метавонад пеш аз муҳлат барқарор карда шавад,- афзудааст манбаъ.