formula feb 2025
Пагоҳ дар Қазон ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони тоҷикро ба расмият медароранд
11.04.2025
Фирӯза
254

Пагоҳ дар Қазон ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони тоҷикро ба расмият медароранд

Пагоҳ, 12- апрели соли 2025 бо мақсади қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия дар шаҳри Қазони Тотористон қабули ғайринавбатии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар зодагони Тоҷикистон доир мегардад.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд барои қонунӣ гардонидани будубоши худ (легализации пребывания в России) ба нишонии зерин муроҷиат намоянд: Шаҳри Казан, кӯчаи Михаил Миля, 63А

Ҳуҷҷатҳои зодагони Тоҷикистон барои қонунӣ гардони фаъолият дар Русия аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилии Россия оид ба муҳоҷират дар Қазон аз соати 9.00 то 15.00 ба вақти маҳаллӣ қабул ва ба расмият дароварда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори президенти Федератсияи Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода шудааст, ки то санаи 30-апрели соли 2025 будубоши худро дар Россия қонунӣ гардонида, ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб дароранд. Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар мӯҳлати зикршуда ҳуҷҷатҳои худро ба расмият намедароранд, аз қаламрави Россия ихроҷ-депортатсия карда мешаванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД