Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 7-уми сентябр дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км бори аввал ниммарафони кӯҳии ЭКО гузаронида мешавад.
Дар ин бора Ибодулло Сангов, корманди маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Oila.tj иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ниммарафони мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист, МИҲД-и шаҳри Панҷакент ва Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани давидан ва рушди варзиши оммавӣ, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани давандагон ва варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
“Ниммарафони кӯҳии ЭКО, ки бори аввал дар Панҷакент баргузор мегардад, дӯстдорони "трейлраннинг"-ро, ки мехоҳанд роҳҳои зебои кӯҳиро фатҳ кунанд ва дар як иқдоми муҳими экологӣ саҳм гузоранд, муттаҳид мекунад. Иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки аз манзараҳои зебо лаззат баранд”,- гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, ки трейлраннинг яке аз намудҳои варзиши босуръат рушдёбанда ба ҳисоб меравад, ки бештар варзишгаронро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад. Ин танҳо давидан нест, балки як озмоиши ҳақиқии устуворӣ аст, ки ҳар қадами вазишгарро ба ҳамоҳангӣ бо табиат наздиктар мекунад.