Дар Хатлон хатари омадани селу дар Суғд фаромадани тарма вуҷуд дорад
Пагоҳ, 13- март дар ҷумҳурӣ боду ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Бино ба маълумоти Агентии обу ҳавошиносии кишвар дар баъзе минтақаҳо борони сахт борида, ба барф мубаддал мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ то 10-12 дараҷа поён мефарояд...
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзҳои 12-14 март дар ноҳияҳои тобеъи марказ ва навоҳии кӯҳдоман барфу борони шадид борида, дар роҳҳои кӯҳӣ, махсусан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқва ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма ва резиши санг вуҷуд дорад.
Рӯзҳои 12-13 март дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон омадани сел пешбинӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки рӯзҳои 13-14 март ба далели боришот дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯи ҷанубӣ ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, эҳтимоли баланд шудани сатҳи об мавҷуд аст, бинобар ин, дар ин рӯзҳо баромадан ба кӯҳ ва сафар ба роҳҳои кӯҳӣ тавсия дода намешавад.