Падарро дар дами пирӣ саробонӣ кунед!
328

Дар ҳамсоягии мо марде зиндагӣ мекунад, ки шаш фарзандро ба қавли мардум “мисли гурба газида калон кард”. Чаҳор писар ва ду духтар. Ӯ ҳамаи онҳоро, ҳарчанд худаш як ронандаи одӣ буд, хононда соҳибмаълумот кард.

Бо гузашти айём, мард пир шуду занаш дар шастсолагӣ вафот кард ва ӯ бо сари қоқаш дар як ҳавличаи аз падараш меросмонда танҳо монд. Зеро ҳамаи фарзандонаш соҳиби хонаю дар шуда, хонаи падарро тарк карданд ва имрӯз баъзеашонро дар аксар минтақаҳои кишвар хуб мешиносанд. Аз ин рӯ, наметавонам номи ин оиларо гираму онҳо мавриди таънаи мардум қарор гиранд.

Агар худро дар ин номаи ман шиносанду пайи ислоҳ шаванд, бисёр кори хуб мешавад...

Муйсафед то замоне, ки пойи равон дошт, худаш шир мехарид ва ё барои худ ягон хӯрок мепухт. Ман ҳайрон, магар намешуд ягон набераашро ҳамроҳи падарашон монанд, то ки танҳо набошад?

Ҳоло ин пирамард, ки аз пулу маблағ камбудӣ надорад (фарзандонаш пурра таъмин мекунанд ва ҳатто хостанд барояш хизматгор гиранд аммо ӯ розӣ нашуд) мӯҳтоҷ нест, вале ягона хоҳишаш ҳамин, ки дар паҳлуяш ягон нафар аз наздиконаш бошанд. Ман ҳамчун як шахсе, ки ин оиларо солҳо боз мешиносам, аз фарзандонаш хоҳиш намудам, ки ягонтояшон фарзандашонро то вақте, ки зинда аст, ҳамроҳи бобояш монанд, вале мегӯянд, ки на бобо назди онҳо рафтан мехоҳаду на ягон набера назди бобо истодан.

Ба хулосае омадам, ки агар ҳама чизи дунёро дошта бошию муҳаббати байниҳамдигариро гум кунӣ, ту одами бадбахтӣ.

Сурайё САМИЕВА, раиси маҳалла

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД