Падарумодарам 42 солякҷояумр ба сарбурдаанд. Аз аввали зиндагияшон падарам, ки соҳиби вазифаву кори хуб аст, ба модарам хиёнат мекунад.
Аксаран ба хонаамон занҳоро оварда, ҳамчун ҳамкоронаш муаррифӣ менамуд, вале баъдтар мефаҳмидем, ки ин занҳо маъшуқаҳояш ҳастанд. Модарам дар танҳоӣ ҳамаи фарзандонро хононду оиладор намуд. Мо аз падарам боре сухани хубу меҳрубонӣ нашунидаем, умуман падар доштанамонро эҳсос накардаем. Вақте фаҳмидем, ки падарам аз зани дигар низ 2 фарзанд доштааст, модарам аз ғам бемор шуд. Баъдан фаҳмидем, ки падарам фарзандони дигарашро низ нигоҳубин намекардааст.
Солҳои пеш ҳафтае ду маротиба ба хона намеомаду баҳона пеш меовард, ки дар ҷои кор навбатчӣ аст. Вақтҳои охир ҳафтаҳо ӯро намебинем. Ҳоло аз пештара бештар бегона шуданашро эҳсос мекунем. Ба хонаамон танҳо барои иваз кардани либосҳояш меояду ҳатто хӯрок ҳам намехӯрад. Аз сару либос ва бӯйи атри қиматбаҳояш фаҳмидан мумкин аст, ки боз маъшуқаи таннозе ёфтааст. Ин дафъа ба доми зане афтидааст, ки шабу рӯз ҳамроҳаш аст. Дилам ба модари бечораам месӯзад, ки тамоми умр ин марди хиёнаткорро тоқат кардаасту то ба имрӯз азият мекашад.
Ҳусноро