Рухшона Раҳматуллоева - модел ва блогери маъруф бо номи Soffi_1111, ки дар шабакаи инстаграм наздик ба ним миллион обуначӣ дорад, аз мақомоти дахлдори кишвар хоҳиш кардааст, ки ба ӯ кумак расонанд.
Блогер дар саҳифаи инстаграми худ шаби 12-уми июн хабар додааст, ки аз зиндагӣ бо Умед ном шахс, ки бо ҳам 5 сол умр ба сар будаанд ва аз ӯ 3 (се) фарзанд дорад, дилгир шудааст. Блогер гуфтааст, ки зиндагӣ танҳо бо маблағе, ки худи блогер кор мекунад, мегузарад, бар замми ин ҳар рӯз ба рӯяш корд мекашад ва ӯро шиканҷаву озор медиҳад.
Soffi мегӯяд, ки кӯдаконаш гирифтори бемории асабвайронӣ шудаанд ва айни ҳол худаш аз хона фирор карда, шавҳараш қасам хӯрдааст, ки дар ҳолати пайдо карданаш ӯро ба қатл мерасонад. Ҳамчунин, мегӯяд, “ба дӯстони дар мақомот будааш гуфтааст, то ҷойи маро аниқ карда, ба ӯ хабар диҳанд”.
Рухшона Раҳматуллоева маъруф ба Soffi_1111 мегӯяд, ки аз болои шавҳараш ариза навишта бошад ҳам, аз ҷониби мақомот ягон чора андешида нашудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур Рухшона Раҳматуллоева аз мақомоти болоии кишвар хостааст ба қазияи ӯ расидагӣ кунанд.