Амонат аз дард ба худ мепечид, зор-зор мегирист, ҳамсояаш холаи Нозиҳа овози гиряи ӯро шунида, дарашро тақ-тақ кард ва дар кушода шуд.
Кампир даромада, Амонатро дар ошхона болои гилемаки нимдошт ба худ печида диду аз тарс ба хонааш давида, келинашро гуфт, ки мошини ёрии таъҷилиро ҷеѓ занад…
Амонат ба худ омада, болои сараш кампири Нозиҳаро дид, маълум шуд, ки тифлакони дугоники семоҳаи батнаш мурдаанд. Духтурон сару рӯйи кафидаи занро дида, милиса ҷеѓ заданд, вале ӯ исрор кард, ки афтидаасту ҷавобаш диҳанд. Милисаҳо диданд, ки аз санг садо асту аз зан не, ӯро ҷавоб доданд, зеро ӯ мегуфт, ки шавҳараш дина ба қишлоқ барои хабаргирии волидонаш рафтааст. Холаи Нозиҳа фаҳмид, ки ҳамсояи берӯзияш дурӯѓ мегӯяд, зеро Қурбони рӯсиёҳи муштзӯрро саҳар дида буд. Онҳо ба хона баргаштанд, дар роҳ кампири Нозиҳа ба Амонат гуфт: ин кадом рӯз туро мекушад…
Ятимаки берӯзӣ
Падару модари Амонат хеле ҷавон аз олам гузаштаанд, фарзандони модараш солим ба дунё омада, се-чормоҳа шуда, бе касалу бемор аз олам мегузаштанд. Таърихи номи Амонат низ аз ҳамин ҷост, чун духтараки талбидаашон дусола шуд, Сафармову Носир аз хурсандӣ гове кушта, худоӣ доданд. Охир, онҳо каму ѓам не, шаш фарзандро аз даст дода буданд. Аммо хурсандияш дер давом накард, ӯ бори дигар ҳомиладор шуда, вақти таваллуд ҳамроҳи тифлакаш аз олам гузашт. Носир Амонати гирён дар даст дар хонаи бо сад умед бунёд намудааш танҳо монд, падару модари Сафармо дар қайди ҳаёт набуданду ду бародараш талоши барои ба тарбия худ гирифтани духтараки апаи сиёҳпичаашон накарданд. Модари Носир, ки се сол пеш мӯсафедашро ба он дунё гусел намуда буд, ба хонаи писараш омаду ба тарбияи Амонати ятимак оғоз намуд. Носир, ки занашро дӯст медошт, ба худ фурӯ рафтаву камгап шуда буд. Баъд аз додани сари соли Сафармо апаҳояш барояш зан ёфтанд, вале ӯ не гуфт. Бародараш аввал зорияш карду баъд сарзаниш ва оқибат дид, ки намешавад, бо овози баланд фарёд зад:
-Худат медониву зиндагият, рав саратро бари сари Сафармо мону хоб рав!
Модараш писари калонашро ҷанг кард, ки писарамро ѓам надиҳед, кае хоҳад, худаш зан мегирад. Шояд кадом фариштае омин гуфт, ки ду рӯз пас Носир худро дар оѓилаш бо арѓамчин овехту ӯро дар бари Сафармои ормониву тифлакони ѓурамаргаш ба хок супориданд. Амонатаки бечора аз падар ҳам маҳрум шуда, акнун чашми умед ба бибияш буд.
Кампири Руқия зор-зор мегирист, мусибатҳои пайи ҳам миёнашро хам карда бошанд ҳам, ба хотири Амонаташ миёнро баста, аз ҷой хест. Охир, писару келинаш духтаракашонро ба вай амонат монда буданд…
Нозанини деҳа
Худованд ба кампир умри дароз ҳадя кард, ӯ духтаракашро ба воя расонда, ба коллеҷи омӯзгорӣ дохил кард, дипломашро дида, ӯро ба шавҳар доду баъд ин оламро падруд гуфт. Кампир се писару як духтар дошт, Носир ҷавонмарг шуд, хонаву дари падарӣ ба писари хурдӣ Назар монданд, Нозим писари калонӣ бошад, хонаву дари ҷудо дошт. Нозим шаш писар дошту пеш аз марги модараш ду пойро ба як мӯза андохта, писари дуввумаш Қурбонро ба Амонат хонадор кард. Келини бе «қалину қамчин» боз соҳиби хонаву дари зебо шуд, аммо Қурбон аз рӯзҳои аввал амакдухтарашро ҷазо медод. Бечора Амонат сари кафида зери рӯймолу дасти шикаста зери остин, зиндагияшро идома медод. Ду сол аз зиндагияшон гузашту ӯ ҳомиладор нашуд, Қурбони занакча модари ӯро ёд надошта бошад ҳам, таънааш мезад, ки ту мисли модарат касалӣ ҳастӣ. Ӯ бачамур буду ту безурёт, ӯ сари амакамро хӯрд, аммо ту сари маро хӯрда наметавонӣ…
Амонат фақат мегирист, хусуру хушдоманаш ҳам ба вай рӯйи хуш намедоданд, ҳамин ки вақти холӣ ёфт, сари гӯри падару модар ва бибияш рафта, дилашро холӣ мекард. Кор мекард ва маошашро як тин намонда оварда, ба дасти шавҳараш медод, танаш либоси хуб ва шикамаш хӯроки сериро намедид, чунки шавҳараш ниҳоят хасис буд. Бахт ба рӯяш хандиду ҳомиладор шуд, Қурбон ду пояшро ба як мӯза андохта, ҳавлияшонро дар деҳа фурӯхта, дар пойтахт як якҳуҷрагӣ харида, шаҳрӣ шуд. Ӯ дар сохтмонҳои ҳархела кор мекард, дар шаҳр ҳам рӯзи Амонат сиёҳ буд, шавҳараш бо ҳар баҳона ӯро зери мушту лагат мекашид. Ӯро сархӯр, саѓираи бесоҳиб гуфта, таҳқир мекард. Амонат ба хотири тифлакони батнаш тоқат мекард, вале онҳо низ аз дасти падари сангдил кушта шуданд….
Оҳи саѓира
Амонат ҳамроҳи кампири Нозиҳа ба хонааш даромад, Қурбон онҳоро бо қавоқи гирифта пешвоз гирифт. Кампир худашро дошта натавониста гуфт:
-Ту бача, кӯдаконатро куштӣ, оқибатат ба хайр шавад.
Қурбон аз фарти асабоният рангаш канда дод зад: “гӯш кунед, шумо кӣ ҳастед, ки маро насиҳат мекунед?! Ин мисли очаш бачамур, ман ҳиҷ кия накуштам!”
Кампир дигар чизе нагуфта берун баромаду Қурбон мисли саг ба Амонат дарафтод, мӯйҳояшро кашида ба рӯяш чанд шаппотӣ зад ва ҳақоратҳои қабеҳ ба рӯҳи падару модараш фиристод. Амонат авалин бор дар ҳаёташ ба шавҳараш гап гардонида гуфт:
-Илтимос, маро ба ҳолам мон, наҳс, касофат, бачамур, ки ҳастам, ҷудо шав, баромада рав!
- Қурбон ду лагади дигар ба миёни зани бемораш зада гуфт:
-Ту гум мешавӣ, фаромӯш накун, ин хона ба номи ман! –
Қурбон “ман шаб намеоям” гуфта баромада рафту Амонат доруи таскинбахш нӯшида, ба бистараш даромад.
Нимаи шаб ӯ аз занги телефон бедор шуд, аз беморхона занг зада гуфтанд, ки шабонгаҳ шавҳарашро дар ҷойи кораш барқ задаасту ӯ вафот кардааст….
Пас аз додани маъракаҳои шавҳараш, амакаш аз Амонат хоҳиш кард, ки хонаашро фурӯхта, ба деҳа баргардад, аммо ӯ ба деҳае, ки он ҷо ҳеҷ хушбахтие надида буд, барнагашт. Ҷавонзан худашро аз нав сохт, Амонат Носирӣ ҳоло яке аз табибони шинохта, соҳиби хонаву дари обод, шавҳари меҳрубон ва чор фарзанд аст.
Чӣ фарҷоми ширине….
Дилошӯб