Салом сомонаи Оила?
Салом!
-Мумкин аст, мо мардакорам дарди дил кунем?
-Бале, бародар! Марҳамат!
-Сири дил кардан зеби мардако надораду маҷбурам ба дӯстдоштаам Оиша тариқи сомонаи шумо , як ду гапи баҷои ма гӯям.
-Бемалол!
Оиша! Аз хомӯш будани телефонат сахт ранҷида, гумон кардам, ки маро фаромӯш кардаӣ, вале чанде пеш шунидам, ки ба садама гирифтор шуда, бо дасту пойи шикаста дар рӯйи ҷойгаҳ хобидаӣ.
Ростӣ, сахт хиҷолат кашидам, ки дар чунин лаҳзаҳои душвор дар паҳлӯят нестам. Намедонам дар назди Худованд чӣ коре бад карда будем, ки чунин рӯзҳои сахту сангин ба сарамон омада истодаанд. Падарам аз дунё гузашт, бародарам дар Русия кушта шуд, аммаам худашро ба дор овехт... Дар хонаи шумо ҳам фоҷиа пайи фоҷиа меояд, аввал модарат аз олам даргузашт, баъдан падарат беному нишон гум шуд, хоҳари хурдиат бо як марди ҳамсоли падаратон хонадор шуд, ту ба садама гирифтор шуда, маъюб шуда мондаӣ... Мегӯянд, Худованд бандаҳои дӯстдоштаашро бо ҳамин роҳ месанҷад, вале ман дигар тобу тоқати чунин имтиҳонҳои сангинро надорам. Оишаҷон, илтимос, чашмонатро кушо. Маро дар ин дунёи бевафо танҳо нагузор. Туро аз даст додан барои ман аз марг ҳам бадтар аст!
Баҳодури қурғанӣ