Formula novemver 2024
ПАДАРАМ КЕЛИНИ БОЙ МЕХОҲАД
1978

 

Ману бародаронам аз хурдӣ дар хонаҳои мардум мардикорӣ мекардем. Хеле оила камбағал будем, гӯям ҳам, хато намекунам. Даврони кӯдакӣ дар деҳаи мо зери дасти одамони доро кор кардан ҷойи нанг набуд. Ҳоло замона дигар шудааст, агар нафаре дар деҳа кори хонаи каси дигарро кунад, баъзеҳо бо писханд ӯро “ғулом” ном мебаранд. Ёд дорам, падарам ҳатто рӯзҳои рамазонӣ моро шабона ба заминҳои бегона мебурд ва мо барои дигарон шолӣ, гандум ва алаф медаравидем. Аз ин корам он вақтҳо шарм намедоштам ва ҳоло низ шарм намедорам. Акнун мо-бародарон ҳама калону пулёб шудем. Аслан дар оила чор писар ҳастему ман писари аз ҳама хурдиям. Мегӯянд “Хуки хона бошу хурди хона не” ва ин гуфта комилан дуруст будааст. Ман аз хурдӣ корҳои вазнини хонаро мекардам ва ҳатто баъзе рӯзҳо худам дар танҳоӣ ба дарав мерафтам. Дар ҳашарҳои умумидеҳагӣ ҳатман маро мефиристоданд. Ростӣ, аз чунин сурат гирифтани зиндагиям заррае хафа нестам, зеро меҳнат одамро пурқувват мекардааст. Маро имрӯз чизи дигар азият медиҳад. Имсол ба синни 23 қадам гузоштам. Падарам, ки хеле шахси азобдида аст, ба ман мегӯяд:

-Писарам, духтари ягон нафари сарватмандро ба занӣ бигир, то ки дар тамоми мушкилиҳоят пуштибони ту шавад.

Аммо ман бо андешаи падар розӣ шуда наметавонам. Магар духтари марди сарватманд маро писанду манзур мекунад? Ман нафареам, ки мехоҳам занам итоаткори ман бошад. Аз он рӯзе метарсам, ки завҷаам ба ман киноя зада бигӯяд:

-Ту касе набудӣ, мо туро одам кардем. Агар падари ман намешуд, ту хоки замин мемондӣ!

Амин, н. Фархор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД