Салом.
Пеш аз ҳама бахшиш мепурсам, ки ному насабамро намегӯям, зеро ман аз як оилаи номдор ҳастам, агар волидонам фаҳманд,ки сирру асрори хонаро баровардаам, пӯстамро зинда ба зинда аз танам мекананд. Ман дар байни чаҳор писар духтари ягона ҳастам, вале эркаи хонадон бошам ҳам, падару бардарони бадрашкам иҷозат надоданд, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсиламро дар ягон мактаби олӣ идома диҳам. Ростӣ, дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашам ва ба қавли ҳамсояҳо дар зару зевар ғӯтта зада, гули чизро мехӯраму мепӯшам, аммо як масъалаи муҳим маро маҷбур кард, ки ба шумо муроҷиат карда маслиҳат пурсам. Гап дар сари он аст, ки падарам маро ба як ҷавонмарди сарватманд, ки бо сабаби бефарзандӣ аз занаш ҷудо шуда будааст, ба шавҳар доданист. Чанд маротиба ба модарам фаҳмондам, ки ба марди зандида ба шавҳар баромадан намехоҳам, аммо ба даҳонам зада гуфтанд, ки ин гапро дигар такрор накун, дар ин хона сухани падарат қонун аст ва касе наметавонад гапи ӯро ду кунад. Ростӣ, ман аз давраи мактабхонӣ ба Умар ном ҷавони зебои ҳамсинфам дил баста будам ва аҳду паймон доштем, ки баъди хатми мактаб риштаи тақдирамонро бо ҳам мепайвандем, вале падару модараш чанд маротиба ба хостгорӣ омада бошанд ҳам, волидони ман қабул накарданд. Падарам дар рӯяшон ин гапро нагуфта бошад ҳам, баъди рафтани онҳо бо ғазаб дод зад, ки ин пойлучҳо шарм надошта ба хонаи ман хостгорӣ омадаанд. Қиёмат қоим шавад ҳам, ҳаргиз духтарамро ба чунин сағераи пойлучи кафангадо намедиҳам...
Ҳамин тавр мани сарсахт аз тарси ҷон ба падарам нагуфтам, ки Умарро дӯст медорам ва ошиқам нумед шуда, бо духтари хешашон хонадор шуд. Пас аз волидони Умар низ чанд кас маро алабгор шуданд, аммо шароити зиндагиашон хуб бошад ҳам, падарам бо онҳо қудо шуданро ба худ эб надид, зеро домоди бо брӯе мехост, ки аз худаш сарватмандтар бошад. Ниҳоят падару модари ҳамин ҷавонмард, ки соҳиби корхонаи хусусӣ ва бисёр доро будааст, бо нияти хостгорӣ ба даргоҳи мо қадам ниҳоданд. Модари домод ҳанӯз бори аввали ба арӯсбинӣ омаданаш ба гардани ман гарданбанди гаронбаҳои бриллантӣ андохта, ба падару модарам ваъда дод, ки баъди тӯй сар то поямро тиллопӯш мекунад. Волидони ман худашон сарватманд бошанд ҳам, бо дидани давлату сарвати домоди зандида чашмонашон аз хурсандӣ дурахшида дарҳол розигӣ доданд. Падарам мегӯянд, ки чунин бахти баланд ба ҳар духтар насиб намешавад ва ман бояд шукрона кунам, ки арӯси чунин оилаи бообрӯ мешавам, аммо дилам ангишт барин сип-сиёҳ аст. Намедонам бо ин марди гарму сарди зиндагиро аллакай дидаву чашида, ки дар сину сол аз ман қариб 10 сол калон аст, чи хел забон меёта бошам. Баъзан шайтон васваса мекунад, ки аз баҳри ҳама чиз гузашта аз хонаамон фирор намоям, вале боз фикри бадном ва сархам шудани падару модар ва бардаронамро карда, гиребони тавба медорам. Дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон мондаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
М-и берӯзӣ