Мафтуна, бо ту шинос шуда, чунон пушаймон шудам, ки дигар аз ту чӣ гуна халос шуданамро намедонам. Дар орзуи бо ҳам будан зиёд ҷаҳд намудӣ, вале ман туро дӯст дошта натавонистам. Шунидани ин суханҳо бароят дарнок бошад ҳам, маро лаънат ва дуои бад накун! Росташро гӯям, дилам аз шунидани ҳарфҳои «дӯстат медорам»-у «интизоратам» ва «маро насӯзон»-и ту чунон танг шудааст, ки намедонам дар куҷо паноҳ ҷӯям. Худатро беҳуда ин қадар беобрӯ накун, охир дӯстат намедорам, чӣ кор кунам?!» Волидонам ҳам бо камбағалҳо қудо шудан намехоҳанд. Духтаре, ки нахондааст, хеҷ гоҳ келини модари ман шуда наметавонад! Ту бояд бо ягон ҷавони мисли худат нохондаю камбағал хонадор шавӣ, вале чунон корҳое мекунӣ, ки ба ақли одамӣ рост намеояд. Аз гапу калочаи мардум натарсида, ҳар рӯз ба ман номаҳои ошиқона менависӣ ва ба дасти бачаҳои ҳамсоя ба хонаамон мефиристию таъкид мекунӣ, ки ҷавобашро биёранд. Номаҳоятро ҳатто накушода, даронда мепартоям, вале ин ба ту ҳеҷ панд намешавад. Ҳайронам, ки чаро умратро беҳуда сарфи сӯхтану гиристан мекунӣ. Дигар мактуб нафирист ва пулҳоятро сарфи тӯҳфахарӣ накун, духтар, аздусар ман туро ба занӣ намегирам!
А.