Саломи худро ба хонандагони азиз мерасонам. Ману хоҳарам хеле барвақт бе падар мондем, модарам ба шавҳарнабаромада, моро бо азоби зиёд ба воя расонид.
Он замон модарам ҳамагӣ 28 сол дошт. Вақте ки падарам зани дигар гирифта, аз хона баромада рафт, бобову бибии падариям ба хотири хубиҳои модарам барои мо замин ҷудо карда доданд. Падарам дар ин солҳо боре ба мо кумак накард, ҳатто вақте ки дар синфи даҳум мехондам, зангаш зада, зорӣ кардам, ки ба маҳфили занги охиринамон биёяд, ӯ бо қаҳр гуфт, ки "ман зиндагии ободи худро дорам, ба ман халал нарасонед!"
Ҳамеша орзу мекардам, ки падарам баргардаду мо ҳамроҳ ба сайри шаҳр бароем. Фақат пинҳонӣ аз модар мегиристам, хоҳарам ҳам пайваста “падарам кай меояд” гуфта, модарамро ҷонбезор мекард. Падарам ҳатто дар тӯйи домодиам наомад ва баъди ин ман ба вай нафрат пайдо кардам.
Имрӯз тамоми ҳастиву зиндагиам модарам аст, аммо ду моҳи охир падарам аз занашҷудошуда, ба назди мо омадааст. Модарам аввал ба ӯ гуфт, ки“рав аз ин ҷо, бе ту ин қадарсолзиндагӣкардем, Худо моро напартофт”, вале боз дилаш сӯхта, гуфт, ки “агар фарзандонат туро бахшанд, ман зид нестам”. Ману хоҳарам зидди ба хонаамон баргаштани падарамон ҳастем. Дигар нисбаташ меҳр надорем. Ҳарчанд бибиву бобоям тавалло доранд, ки ӯро қабул кунем, вале наметавонем. Ба бобову бибӣ ва наздикони падарам гуфтан мехоҳам “Эй мардум, охир 25 солдар фироқи падар сӯхтему боре сарамонро сила накард, имрӯз дигар ба ӯ ниёз надорем. Ман ӯро ҳаргиз бахшиданӣ нестам”.
А