Sebiston new 2024 october
ОЗОДБЕК ВА ЮЛДУЗ АЛАЙҲИ COVID-19 ЭМ ГИРИФТАНД
1548

 

Озодбек Назарбеков, овозхони 47-солаи ӯзбек ва вазири фарҳанги Ӯзбекистон, бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина гирифта, аз маъракаи эмкунии оммавӣ пуштибонӣ кардааст. Ба ӯ ваксинаи русии “Sputnik V”-ро гузаронидаанд.

“Азбаски ваксина ба организми ҳар кас ҳар хел таъсир мекунад, бисёриҳо то ҳол аз гирифтани он метарсанд. Ман гуфтан мехоҳам, ки дар ҳоли ҳозир ваксина ягона роҳи халосӣ аз коронавирус мебошад. Вақтро беҳуда талаф надода, ваксина гиред ва наздикони худро низ ба ин кор ташвиқ кунед”,-навиштааст овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш. Аз рӯйи ҳуҷҷати нашркардаи Назарбоев, ӯ вояи якуми ваксинаро санаи 3-юми июл ва вояи дувумро санаи 27-уми июли имсол гирифтааст.

Ҳамчунин, хабаргузории “UPL 24” иттилоъ медиҳад, ки Юлдуз Усмонова, овозхон ва оҳангсози 57-солаи ӯзбек низ ҳамроҳи шавҳараш Мансур Агаоғлу ваксина гирифтаанд. Ба онҳо низ ваксинаи русии “Sputnik V”-ро гузаронидаанд. Ҳам Озодбек Назарбеков ва ҳам Юлдуз Усмонова ҳамроҳи шавҳараш баъд аз эмкунӣ бар зидди коронавирус худро хуб ҳис мекунанд ва аз саломатиашон шикоят надоранд. Хотиррасон мекунем, ки аксинаи русии “Sputnik V” дар корхонаи “Jurabek Laboratories” воқеъ дар шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо олимони рус истеҳсол мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД