Рӯзи 13-уми декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмун бо мақсади иҷрои банди 29-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир мегардад.
Гуфта мешавад, ки барномаи мазкур бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллию муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул таҳия гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2020 тасдиқ гардидааст.