Озмуни “Miss Dushanbe” баргузор мегардад
109

Дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе соли равон озмуни зебоии “Miss Dushanbe” баргузор хоҳад гашт. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин бора фармони дахлдорро ба имзо расонидааст.

Бино ба иттилои Telegram-канали Ҳукумати шаҳри Душанбе, озмуни мазкур ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани завқи эстетикии мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби либоси тоҷикона, дастгирии чеҳраҳои нав ва рушди соҳаи мӯд, ҳамчунин баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД