goodwell
Озмуни аксҳои беҳтарин - «Муҳоҷирати бехатар аз нигоҳи ман»
11.09.2026
Oila.tj
66

Ба муносибати 10-солагии фаъолияти Марказҳои захиравӣ барои муҳоҷирон (МЗМ) дар Тоҷикистон тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки синну солашон аз 14-сола болост, ба иштирок дар озмуни аксҳои беҳтарин таҳти унвони “Муҳоҷирати бехатар аз нигоҳи ман” даъват карда мешаванд.

Бо акси худ нишон диҳед, ки муҳоҷирати бехатар барои шумо чӣ маъно дорад ва соҳиби туҳфаҳои олиҷаноб - “Планшет”-ҳои замонавӣ гардед!

Номинатсияҳои озмун:

1. Беҳтарин акс-ҳикоя дар бораи интихоби огоҳонаи муҳоҷират.

2. Беҳтарин аксҳои инъикоскунандаи дастрасӣ ба иттилоот, хизматрасонӣ ва дастгирии муҳоҷирон.

3. Беҳтарин акс-паём оид ба пешгирии хатарҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ.

4. Беҳтарин акс-сарнавишт дар бораи муҳоҷир ва муҳоҷирати меҳнатӣ.

Дар озмун тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синну солашон аз 14-сола боло мебошад, иштирок карда метавонанд. Ҳар як шахс метавонад ба як номинатсияи озмун то 3 акс фиристад.

Қабули аксҳо ба озмун то 15-уми сентябр идома меёбад.

Аксҳои худро бо зикри ном ва номинатсияи озмун тавассути QR-код ё дархости пуркардашударо ба 📧 info@mrc-tajikistan.org ирсол намоед.

Аксҳои шуморо интизорем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД