Қаблан афроди қурбоникунанда чорвои қурбониро дар манзили худ забҳ мекарданд, вале солҳои охир дар пойтахт дар назди биноҳои истиқоматӣ забҳ намудани чорво қатъиян манъ шудааст. Дар арафаи иди қурбон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои куштани чорво дар шаҳр ҷойҳои махсусро муайян намудааст.
Забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2, кӯчаи Шукуҳӣ 44 иҷозат дода мешавад. Дар маҳаллаи Ховарон чорвоиқурбонро дар теппаи Шарқӣ минтақаи 7, маҳаллаи Чиноро-1, кӯчаи Назаршоев 374, маркази савдои “Ховарон”, кӯчаи Айнӣ 259, маҳаллаи Фалакон, маҳаллаи Қуштеппа (1 Май), маҳаллаи Яккатут, маҳаллаи Чилмеҳроб забҳ кардан мумкин аст.
Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ дар кӯчаи Қаҳҳорров (наздикии Фабрикаи шири “Саодат”), маҳаллаи Гулбутта, кӯчаи Мир-Алӣ шаҳраки 42, кӯчаи Борбад назди бинои 64 (М/С Ганҷ) шаҳраки 62, кӯчаи Есенин — 47/2 маҳаллаи Қаротегин иҷозат дода шудааст.
Дар ноҳияи Сино дар рӯзи ид ба куштани чорво дар кӯчаҳои Пахтакор 70, Тургенев 29, Наврӯз 280, Фурузон 162, дар маҳаллаи Роҳи нав-кӯчаи Раҳмон Набиев 292/2, кӯчаи Лермонтов 466, кӯчаи Ҳувайдуллоев 12 А, маҳаллаи Ҳаёти нав 74, Ҳаёти нав 313, маҳаллаи Меҳнатобод, Лучоби боло ва поён, маҳаллаи Арғувон-кӯчаи Шодоб 153, маҳаллаи Камонгарон- кӯчаи Ҳувайдуллоев 252, маҳаллаи Ҳисорак, маҳаллаи Панҷруд маҳаллаҳои Навободи боло ва поён, маҳаллаи Ҳамадонӣ кучаи Мехкалон 50 хонаи 27/3, Деҳи боло 222, маҳаллаи Шараф, маҳаллаи Меҳробод 2 гузаргоҳи Қубодиён 18 имконпазир мебошад.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ куштани чорво танҳо дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар наздикии Маркази гармидиҳӣ — 2 (ТЭЦ)-и Душанбе иҷозат дода шудааст.